Қирғизистон созишномаи ҳамкориаш аз соли 1993 бо Амрикоро расман мутаваққиф кард. Ин иқдом чанд рӯз баъд аз эътирози Бишкек ба тасмими Амрико ҷиҳати тақдири як фаъоли зиндонии Қирғизистон бо ҷоизаи мӯътабари ҳуқуқи башар эълон шуд. Дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон гуфт, сарвазир Темир Сариев рӯзи 21 июл қарори манъи созишномаи 22 сол пеш имзошуда бо Амрикоро, ки заминаи ҳуқуқи ироаи ёриҳои Вошингтон ба ин кишвари Осиёи Марказиро таъмин мекард, имзо кардааст. Вазорати хориҷаи Қирғизистон рӯзи 17 июл ба тасмими Вошингтон ҷиҳати ба Азимҷон Аскаров додани Ҷоизаи ҳомии ҳуқуқи башар -2014 эътироз карда буд. Аскаров, ки аз узбакҳои Қирғизистон аст, дар пайи даргириҳои қавмии соли 2010 байни узбакҳову қирғизҳо, ки беш аз 400 кушта ба ҷо гузошт, бо ҷурми “эҷоди таҳдид ба сулҳу суботи ҷомиа” ба ҳабси умрбод маҳкум шудааст. Ӯ мегӯяд, аз сӯи пулис шиканҷа шудааст.