Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари гумшудаи тоҷик дар Смоленск ёфт шуд


Як духтари 14-сола аз Тоҷикистон, ки баъд аз ҷанҷол бо модараш ҳамроҳ бо як гурӯҳи лӯлиҳо фирор карда будааст, баъди чанд моҳ дар ҳудуди вилояти Смоленски Русия ёфт шудааст. Дафтари матбуоти пулиси Смоленск 17 июл хабар дод, ки ин духтарро аз тариқи Боздоштгоҳи муваққатии муҳоҷирони Маскав ба модараш супурдаанд ва ӯ алакай ба Тоҷикистон баргаштааст. Ин духтар, ки исмаш оварда намешавад, ҳамроҳ бо модараш дар Маскав ба сар мебурдааст. Пулис мегӯяд, ки ӯ қаблан ҳам чанд дафъа аз манзиле, ки хонаводааш иҷора менишаст, фирор карда будааст.

XS
SM
MD
LG