Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани 4 гумонбар ба терроризм дар Бишкек


Нирӯҳои амниятии Қирғизистон мегӯянд, рӯзи 16 июл дар як амалиёти вижа дар Бишкек 4 нафари гумонбар ба терроризмро кушта, 5 тани дигарро дастгир кардаанд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, кушташудаҳо узви як гурӯҳи байналмилалии террористии беном буданд. Нирӯҳои вижаи «Алфа» рӯзи 16 июл ба як ҳавлӣ дар ҷануби Бишкек ҳамла оварданд. Аммо бошандагонаш ба фармони таслим шудан тан надода, алайҳи пулис оташ кушоданд. Амалиёт тақрибан як соат идома ёфтааст. 4 корманди Кумитаи амният низ ҷароҳат бардоштаанд. Вале дар бораи осеб дидани кадоме аз мардуми мулкӣ гузориш нашудааст. Амалиёти вижа алайҳи афроди гумонбар ба терроризм дар Қирғизистон ҳодисаи нодир аст.

XS
SM
MD
LG