Кумитаи амнияти миллии Афғонистон мегӯяд, раҳбари гурӯҳи Давлати Исломӣ дар ин кишвар ва Покистон дар як ҳамлаи ҳавоӣ кушта шудааст. Ин кумита рӯзи 11-уми июл бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, Ҳофиз Саид ва 29 ҷангҷӯи дигарро шаби 10-уми июл дар ноҳияи Ачин дар вилояти Нангарҳор маҳв карданд. Ба гуфтаи мақомот, иттилоъ дар бораи ҳузури аъзои гурӯҳи Давлати исломӣ дар минтақаро кумитаи амнияти миллӣ ба нерӯҳои эътилофӣ ба раҳбарии Амрико додаанд ва сипас онҳо ҷангҷӯёнро ҳадаф гирифтаанд. Гурӯҳи Давлати исломӣ ин гузоришро шарҳ надодааст ва ҳукумати Афғонистон ҳам ин хабарро ҳанӯз тасдиқ накардааст. Бино ба гузоришҳо, рӯзи 7 июл дар ноҳияи Ачин, дар наздикии марзи Покистон яке дигар аз раҳбарони гурӯҳи Давлати исломӣ бо номи Мавлавӣ Шаҳидулло Шаҳид дар зарбаи ҳавоӣ кушта шуд.