Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА 9 зина пойин рафт


Тоҷикистон дар раддабандии тозаи ФИФА – Иттиҳодияи футболи ҷаҳонӣ – 9 зина пойинтар рафта, дар байни 209 кишвар дар мақоми 148-ум қарор гирифтааст. Дар радаббандии қаблии ФИФА Тоҷикистон дар зинаи 139-юм қарор дошт, вале нокомиҳои тими миллӣ дар бозиҳои охир боиси чунин уфти чашмраси рейтинги Тоҷикистон дар ин раддабандӣ шудааст.

Аммо дар садри ин ҷадвал Аргентина ду зина боло ҷаҳида, ҷои якумро аз Олмон гирифт. Белгия дар раддабандии ФИФА дар ҷои сеюм, Колумбия дар мақоми чорум ва Ҳолланд, ки аз Бразилия пеш гузашт, дар ҷои панҷум қарор доранд. Чили, ки ҳафтаи гузашта унвони Ҷоми футболи Амрикоро ба даст овард, мавқеи худро дар рейтинги ФИФА 8 зина беҳтар кард, вале ҳанӯз танҳо дар мақоми 11-ум мебошад.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландтаринро дар рейтинги ФИФА Украина (27-ум) ва Русия (28-ум) ба даст овардаанд. Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон сеюм аст, чунки Қазоқистон дар зинаи 142, Туркманистон – дар 152 ва Қирғизистон дар мақоми 157-уми ҷой гирифтаанд. “Қаҳрамон”-и ғайрирасмии футболи Осиёи Марказӣ вале Узбакистон аст, ки дар раддабандии ФИФА дар зинаи 75-ум қарор дорад.

XS
SM
MD
LG