Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юнон ба Аврупо ягон пешниҳоди нав надод


Сарвазири Малта Ҷозеф Мускат гуфт, Юнон бо вуҷуди фишори Аврупо ба нишасти вазирони молияи минтақаи евро “ягон пешниҳоди мушаххас” ироа накард. Мускат дар Твиттер навишт, ки ин ба нишасти сарони минтақаи евро, ки шоми 7 июл дар Брюссел доир мешавад, кумаке нахоҳад кард. Як мақоми юнонӣ гуфтааст, сарвазири Юнон Алексис Тсипрас бояд бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд мулоқот кунад. Нақшаи Юнон, бино ба хабарҳо, ботил кардани то 30 дарсад қарзҳои Юнонро дар бар мегирад. Ин пешниҳодҳо дар пайи раъйпурсии рӯзи 5 июл аст, ки дар он аксари сокинони Юнон шартҳои кӯмакҳои молии байналмилалиро рад карданд. Юнонро ба далели 331 миллиард доллар қарзаш дефолт (варшикастагӣ) таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG