Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порис аз сафири ИМА ташреҳ мехоҳад


Вазорати умури хориҷии Фаронса сафири Амрико дар Порис Ҷейн Хартлиро барои ташреҳи хабарҳо дар бораи аз сӯи хадамоти амниятии Амрико пинҳонӣ гӯш кардани гуфтугӯҳои мақомоти олии Фаронса ба вазорат хонд. Қарор аст, ки мулоқоти сафир бо вазири умури хориҷии Фаронса Лоран Фабиус шоми 24 июн баргузор шавад.

Раисиҷумҳур Франсуа Ҳолланд дар робита ба ин моҷаро бо аъзои парлумон ва намояндагони Шӯрои амният нишасти фаврӣ доир мекунад.

Стефан Ле Фол, намояндаи расмии ҳукумати Фаронса хабар дод, ки ҳамоҳангсозии идораи кашфи миллӣ Дидие Ли Бре барои баррасии ин мавзӯъ бо мақомоти амрикоӣ ба Вошингтон меравад.

Шоми сешанбе сомонаи WikiLeaks ҳамроҳ бо нашрияи Liberation ва сомонаи Mediapart аснодеро нашр кард, ки дар онҳо гуфта шудааст, Оҷонси амнияти миллии ИМА аз соли 2006 то моҳи майи соли 2012 гуфтугӯҳои телефонӣ ва мукобитаи электронии сарони Фаронса Франсуа Ҳолланд, Николя Саркозӣ ва Жак Ширакро назорат мекард. Дар ин матлаб рақамҳои телефонҳои мобилии бисёр мансабдорони ҳукуматӣ, аз ҷумла, раисиҷумҳур, нашр шудаанд. Хабарнигорон ҳамчунин мӯҳтавои гуфтугӯҳо миёни мақомоти расмии Фаронса дар бораи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, бӯҳрони қарзи Юнон, робитаи байни дафтари раисиҷумҳури Фаронса ва ҳукумати Олмон низ овардаанд.

XS
SM
MD
LG