Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон хостори ташкили ҳукумати нав шуд


Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, аз аҳзоби сиёсии кишвар хост, ки худхоҳиро як сӯ гузоранд ва ҳарчӣ зудтар ҳукумати навро таъсис кунанд. Дар як суханронӣ аз тариқи телевизион рӯзи 11 июн ӯ ҳушдор дод, таърих ҳар касеро, ки дар вазъи номуайянии сиёсӣ Туркияро ба ҳоли худ мегузорад, маҳкум хоҳад кард.

Эрдуғон, ки ҳизбаш Адолат ва Тавсеъа дар интихоботи рӯзи 7 июн бори аввал аз соли 2002 ба ин сӯ аз дарёфти аксари курсиҳои парлумон маҳрум шуд, афзуд, ҳама ҳизбҳои сиёсӣ бояд ба раъйҳои мардум эҳтиром гузоранд.

Ҳанӯз ягон ҳизб барои таъсиси эътилоф бо ҳизби Адолат ва Тавсеъа изҳори омодагӣ накардааст.

Нахуствазири Туркия Аҳмад Довудоғлу рӯзи 11 июн гуфт, дар сурати ноком шудани музокирот оид ба ташкили Эътилоф баргузории интихоботи ғайринавбатӣ аз эҳтимол дур нест.

XS
SM
MD
LG