Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба раҳпаймоии ҳамҷинсгароҳо дар Киев


Дар шаҳри Киев рӯзи шанбе раҳпаймоии ҳамҷинсгароҳо ба задухӯрд миёни полис ва тундгароҳо печид - мухолифони раҳпаймоӣ сафи милисаро шикаста ба ҳамҷинсгароҳо ҳамла карданд.

Ба иттилои вазорати умури дохилиии Украина, дар ин задухӯрд нӯҳ тан аӯ кормандони милиса ҷароҳат бардоштанд ва вазъи яке аз онҳо сангин аст. Кормандони полис 28 нафарро боздошт карданд.

Дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи банди «авбошӣ» парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба иттилои «Интерфакс», дар раҳпаймоии ҳамҷинсгароҳо тақрибан 300 нафар ширкат доштанд.

Петро Порошенко, раисҷумҳури Украина, гуфт, ки раҳпаймоии ҳамҷинсгароҳо мухолифи Қонуни асосӣ нест ва аммо худи ӯ дар он ширкат нахоҳад кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG