Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон Юмгонро таҳти назорат гирифтанд


Шоҳ Валиуллоҳ Адиб, волии вилояти Бадахшони Афғонистон, дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ тайид кард, ки толибон маркази Юмгонро пурра ишғол кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои ҳукуматӣ барои озодкунии ин минтақа омодагӣ мегиранд.

Волии Бадахшон афзуд, ки бино ба иттилои ӯ, дар задухӯрдҳо чаҳор тан аз нерӯҳои ҳукуматӣ ҷон бохта, се нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳамчунин дасти кам 8 тан аз ҳамлагарон, ки шарҳвандони маҳалливу хориҷиянд, кушта ва даҳ нафари дигарашон ҷароҳат бардоштаанд. Ӯ афзуд, ки бештари ҳамлагарон хориҷӣ - шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, чеченҳо туркҳо ва уйғурҳои Чинанд.

Садҳо мусаллаҳони ҷунбиши «Толибон» ба Юмгон, як минтақаи дури вилояти Бадахшони Афғонистон рӯзи 6 июн ҳамла карданд. Намояндаи ҷунбиши «Толибон» Забеҳулло Муҷоҳид рӯзи шанбе тасдиқ кард, ки ҳамларо мусаллаҳони ин гурӯҳ анҷом додаанд.

XS
SM
MD
LG