Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мошинбозори Душанберо ба Чимтеппа кӯчондаанд


Мошинбозори Душанберо аз маҳаллаи Гипрозем ба деҳаи Читеппаи ноҳияи Рӯдакӣ кӯчондаанд. Сайфулло Амонов, сардори раёсати иқтисод ва ба хабаргузории “Ховар” гуфтааст, ин кор дар чорчӯби иҷрои Нақшаи умумии рушди пойтахт, ба хотири таъмини фаъолияти хубтари бозори “Деҳқон” ва ҳамчунин таъмини равуои сокинони маҳаллаи Гипрозем сурат гирифтааст. Мошинбозори Душанбе дар 3,7 гектар майдон дар Гипрозем амал мекард. Мошинбозори нав дар 10 гектар заминҳои марбут ба ширкати “Сангреза”-И Касир Мирзоев ном соҳибкор фаъолият мекунад. Ин ширкат, ба навиштаи “Ховар”, қасд доштааст, дар оянда масоҳати мошинбозорро то 30 гектар тавсиа диҳад.

XS
SM
MD
LG