Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳасан Рӯҳонӣ аз Башор Асад ҳимоят кард


Ҳасан Рӯҳонӣ ва Муҳаммад Лаҳом
Ҳасан Рӯҳонӣ ва Муҳаммад Лаҳом

Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон эълон кард, ки кишвари вай аз Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия то охир ҳимоят хоҳад кард. Матбуоти расмии Эрон навиштааст, ки Рӯҳонӣ ин суханонро дар ҷараёни боздод бо Муҳаммад Лаҳом-раиси порламони Сурия аз Теҳрон баён доштааст.

Ин боздид дар ҳоле анҷом мегирад, ки дар ҳафтаҳои охир мухолифони Сурия ба пешравӣ ноил шудаанд. Моҳи гузашта тундравҳои “Давлати Исломӣ” назорат бар шаҳри бостонии Палмираро дар маркази Сурия ба назорати худ дароварданд.

Эрон аз Башор Асад ва падари вай пеш аз оғози муноқишаҳо дар соли 2011 низ ҷонибдорӣ мекарданд.

XS
SM
MD
LG