Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи зидди ДОИШ дар Порис


Лоран Фабиус
Лоран Фабиус

Мақомоти расмии кишварҳои ғарбӣ ва Ховари Миёна дар Порис гирдиҳам меоянд, то роҳҳои мубориза бо гурӯҳҳои тундрави “Давлати Исломӣ”-ро баррасӣ кунанд.

Интизор меравад, ки дар мулоқоти 2 июн масъалаи кӯмак ба нируҳои Ироқ баррасӣ шавад, то онҳо дубора шаҳри Рамодӣ-маркази вилояти Анбарро дубора ба назорати худ дароранд. Бохти нируҳои Ироқ дар Рамодӣ бузургтарин бохти онҳо дар давоми як соли охир ба шумор меравад.

Дар остонаи ҳамоиши Порис Лоран Фабиус-вазири корҳои хориҷаи Фаронса гуфт, ҳамлаҳои ҳавоӣ ба тундравҳои “Давлати Исломӣ” замоне таъсир хоҳад дошт, ки агар дар Ироқ мусолиҳаи сисёсӣ ба вуҷуд ояд.

Вазири корҳои хориҷаи Порис гуфт, аҳолии Ироқро тундравҳо зери султаи худ даровардаанд ва мардум бар зидди тундравҳо барнамехезанд, агар онҳо эҳсос накунанд, ки ҳукумат тавоноӣ дорад.

Ҳайдар Абадӣ-нахуствазири Ироқ ва Фабиус раёсати ҳамоиши Порисро бар уҳда хоҳанд дошт. Дар он вазирони 20 кишвар, аз ҷумла Арабистони Саъудӣ ва Туркия ширкат мекунанд.

XS
SM
MD
LG