Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли 9 кас дар ҳамла ба меҳмонхонаи Балх


Дар ҳамлае ба як меҳмонхона дар вилояти Балх 9 нафар, аз ҷумла як зан кушта шудаанд. Ин ҳамларо субҳи 2 июл тундравҳо анҷом додаанд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки кушташудагон аз ҷумлаи 11 коргари сохтмонии афғон будаанд, ки дар вулусволии Зореъ кор мекарданд.

Ин коргаронро як созмони башардӯстонаи Чех бо номи “Мардуми муҳтоҷ” ба кор гирифта буд. Ду нафари дигар фирор кардаанд. Дар муқоиса бо вилоятҳои дигари шимолии Афғонистон амният дар вилояти Балх то андозае беҳтар буд.

Аммо Шерҷон Дурронӣ-сухангӯи фармондеҳи пулиси вилоят мегӯяд, ки ҳафтаи гузашта нируҳои амниятӣ бар зидди тундравҳо амалиётро оғоз карданд, зеро онҳо ба қаламрави вулусволии Зореъ роҳ ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG