Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи ҷиҳодии Сурия аз Норак


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт парвандаи сокини ноҳияи Норак Саидҷаъфар Мирзошоевро барои ширкат дар ҷангҳои Сурия ба баррасӣ гирифтааст. Ҳотам Раҷабзода, додраси додгоҳи Исмоили Сомонӣ рӯзи 1 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, Саидҷаъфар Мирзошоев сокини ноҳияи Норак бо моддаи 401 қисми 1, (ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрвандӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо), айбдор дониста мешавад. Вай афзуд, Саидҷаъфар Мирзошоев баъди ширкат дар амалиётҳои ҷангӣ дар Сурия ба Маскав баргашта ва он ҷо боздошт шуда ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Додгоҳи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, ҳоло парванда тақрибан такмил шуда ва дар рӯзҳои наздик айбдоршаванда сухани охирини худро баён хоҳад дошт ва ба ин муносибат, намояндагони васоити ахбор даъват хоҳанд шуд. Ҷузъиёти бештар дар бораи амали Саидҷаъфар Мирзошоев, ҳини содир шудани ҳукми додгоҳ, ироа карда мешавад.

XS
SM
MD
LG