Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кампири 92-сола 42 километрро тай кард


Як кампири 92-солаи амрикоӣ кӯҳансолтарин зане шуд, ки рӯзи 31 май дар марафон дар шаҳри Сан-Диего ба марра расидааст. Ҳарриет Томпсон, ки 92 солу 65 рӯз дорад, масофаи 42 километрро дар ин шаҳри воқеъ дар ҷануби Калифорния дар 7 соату 24 дақиқаву 36 тай кард.

Панҷ сол пеш дигар кампири амрикоӣ – Гладис “Гладиатор” Беррилл ҳам ба тай кардани 42 километр масофаи марафон дар шаҳри Ҳонолулу муваффақ шуда буд. Зимнан, он вақт ӯ 92 солу 19 рӯз дошт.

XS
SM
MD
LG