Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ раиси Оддесаи Украина таъин шуд


Петро Порошенко ва Михаил Саакашвилӣ-раиси нави вилояти Одесса
Петро Порошенко ва Михаил Саакашвилӣ-раиси нави вилояти Одесса

Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури пешини Гурҷистонро раиси вилояти Одесса таъин кард. Порошенко дар ин бора фармонеро ба имзо расонд ва дар ин фармон замонат дод, ки Сакашвилӣ соҳиби шаҳрвандии Украина хоҳад шуд.

Ин хабар дар ҳоле эълон шуд, ки Порошенко ба кобинаи вазирони Украина дар бораи ин мақоми нави Саакашвилӣ пешниҳод фиристод.

Саакашвилӣ дар давраи ҷанги мухтасари Русия бо Гурҷистон дар соли 2008 барои Осетияи Ҷанубӣ раиси ҷумҳури Гурҷистон буд. Интизор меравад, ки ин таъинот ғазаби Маскавро бар зидди Киев барангезад. Саакашвилӣ аз мунаққидони ошкор ва нотарси Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG