Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарикони Ҷавҳар Тсарнаев муҳокима мешаванд


Додситонҳои федералии Амрико аз додгоҳ хостаанд, як рафиқи қазоқи Ҷавҳар Тсарнаев, бомбгузори марафони Бостон, барои мамониат дар тафтиши ҷиноят ба 7 соли зиндон маҳкум шавад. Муҳокимаи Диас Қодирбоев, рӯзи 27-уми май сурат гирифт. Ӯ яке аз се шарики Ҷавҳар Тсарнаев аст, ки ҳафтаи оянда ҳукмашонро эълон мекунанд. Дар бомбгузории марафони Бостон дар соли 2013 се нафар кушта шуданд ва 264 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Қодирбоев ва Азамат Тажаяков, ки дар Амрико таҳсил мекарданд, баъди нашри акси бародарон Тсарнаевҳо ба хобгоҳ рафта, онҳоро дар бораи эҳтимоли боздошташон хабар додаанд ва бо вуҷуди шинохтани бародарон Тсарнаевҳо ба мақомоти тафтишотӣ гуфтаанд, ки онҳоро намешиносанд. Ҷавҳар Тсарнаевро аввали ҳамин моҳ ба қатл маҳкум карданд, бародараш Темурлан зимни муқовимат ба маъмурони пулис кушта шуд.

XS
SM
MD
LG