Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саҳми ҷавонон дар ҳукумати Тоҷикистон ба 42% расид


Дар пайи ихтисори кормандони нафақахӯр дар идораҳои давлатӣ сину соли кормандон ҷавонтар шудааст. Чунин мегӯяд Грез Қосимов муовини роҳбари Оҷонсии хизмати давлатии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба радио Озодӣ рӯзи 27−уми май. Вай гуфт, беш аз 42 дарсади кормандони идораҳои давлатӣ афроди сини солашон то 45-сола аст. Ҷаноби Қосимов афзуд, ҷараёни ҷавонсозии кадрҳои идораи давлатӣ ҳанӯз идома дорад ва ҳоло ҳам ниҳодҳо кормандони пиронсолашонро ба нафақа фиристода истодаанд. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ дар табрикоташ ба муносибати рӯзи ҷавонон гуфт дар таъини кадро бештар ба ҷавонон бартарӣ медиҳад.

Дастури аз вазифа озод кардани афроди нафақагир (нафақаи пиронсолӣ, маъюбӣ ва ҳарбӣ)-ро аз мақомоти давлатӣ, Асадулло Раҳмон -- ёрдамчии нави раисиҷумҳур дар умури кадрҳо моҳи апрел содир карда, ба унвонии Оҷонсии суғуртаи давлатӣ ва нафақа барои иҷро фиристодааст. Пас аз судури ин фаромон вазорату ниҳодҳои давлатӣ бештар дар марвиди ба нафақа гусел кардани кормандонашон гузориш медиҳанд.

То нашри ин фармон дар сафи хизматчиёни давлатии мулкӣ ҳудуди 400 мақомдоре кор мекардаанд, ки бар иловаи маошашон аз тарафи давлат нафақа дарёфт менамудаанд. Ба иттилои Оҷонсии хизмати давлатӣ, аз ин 400 нафар беш аз 100 танашон мансабдороне ҳастанд, ки нафақаи пиронсолӣ ва афроди боқимонда нафақаи маъюбӣ мегиранд. Гуфта мешавад, бисёре аз ин мансабдороне, ки нафақаи маъюбӣ мегиранд, дар ҳуҷҷатҳои тиббиашон шахси корношоям эътироф шудаанд ва имкони кор кардан дар муассисаи давлатиро надоранд.

XS
SM
MD
LG