Дар конфаронси сатҳи олии натиҷагирӣ аз Даҳаи ҷаҳонии "Об барои ҳаёт" дар Душанбе масъалаҳои татбиқи барномаҳои ин даҳа баррасӣ мешаванд. Дар ин бора Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов дар як нишасти хабарӣ дар Маскав итттилоъ дод. Вай гуфт, ки конфаронси сатҳи олӣ қарор аст, чолишҳо ва камбудҳои татбиқи барномаи даҳсоларо мушаххас ва амалкардҳои минбаъдаи ҷомеаи ҷаҳониро оиди коркарди Ҳадафҳои Рушди Устувор дар робита ба захираҳои обӣ пешниҳод хоҳад намуд. Сафир ҳамчунин гуфт, то ҳол 72 ҳайати кишварҳои узви СММ аз омодагӣ ба ширкат дар конфаронси Душанбе расман хабар додаанд. Дар ин ҳамоиш инчунин Дабири кулли СММ Бан Ки-мун ширкат хоҳад кард, ки ба аҳамияти ҷаҳонии нишаст таъкид мекунад.