Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди мактаб дар Исфара аз сӯи сафорати ИМА


Бо кӯмаки сафорати Амрико дар Тоҷикистон, мактаби шумораи 39-и ноҳияи Исфараи вилояти Суғд таъмир шуд. Мактаби миёнаи рақами 39 аз 30 синфхона иборат буда, дар он 642 хонанда таҳсил мекунанд. Қисми таъмиршуда пурра бо мизҳои дарсӣ ва тахтаҳои синфӣ таъмин шудааст. Гурӯҳ оид ба корҳои шаҳрвандии сафорати ИМА, ки барои рушди маорифу тандурустӣ кӯмак мерасонад, лоиҳаи мазкурро маблағгузорӣ намудааст. Рӯзи 26 май дар маросими ифтитоҳи ошёнаи савуми таъмиршудаи ин мактаб сафири Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт ширкат дошт. Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2011 бо мақомоти Исфара дар масъалаи таъмири мактаби миёнаи рақами 39 ва барои таъмини кӯдакон бо имкониятҳои беҳтари донишомӯзӣ, ба мувофиқа расида буданд. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона бо мақсади дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон, маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА-ро ҷудо намудааст.

XS
SM
MD
LG