Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав, ҳафтаи оянда дар бораи конфронси байналмилалии “Об барои ҳаёт”, ки дар Душанбе баргузор мешавад, тафсилот медиҳад. Сафорат бо нашри як баёнияи расмӣ рӯзи 23 май гуфт, сафири Тоҷикистон рӯзи 26-уми май дар нишасти хабарие дар хабаргузории “Россия сегодня” ба суолҳои хабарнигорон дар ин бора посух медиҳад. Дар ин конфронси байналмилалӣ, ки рӯзи 11-уми июн дар Душанбе баргузор мешавад, Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Миллал низ ширкат мекунад. Имомуддин Сатторов дар нишасти хабариаш дар Маскав, ҳамчунин дар бораи натиҷаҳои кори яксолааш ва доир ба пешрафтҳову мушкилоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия сӯҳбат мекунад. Таври маълум дар Русия бештар аз 1 миллион нафар аз муҳоҷирони тоҷик кор мекунанд ва рӯзона ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав даҳҳо нафар барои сабти санаду дигар муқаррарот муроҷиат мекардаанд.