Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳҷоизаи "Нигоҳи нав" ба касе нарасид


Дар чаҳорумин ҷашнвора-озмуни ҷумҳуриявии театрии “Нигоҳи нав” ки аз 16 то 20 май дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, шоҳҷоиза насиби ҳеҷ кас нашуд. Саъдулло Раҳимов, раиси доварони ин озмун ба Радиои Озодӣ гуфт, ки натиҷаи заҳматҳои ҳунармандони театрии ҷавонон аз нигоҳи касбият қонеъкунанда набуд ва бинобар ҳамин Шоҳҷоиза соҳибони худро пайдо накард. Ширкатдорони ҷашнвора-озмуни ҷумҳуриявии театрии “Нигоҳи нав” бо дипломҳо мушарраф гардонида шуданд.

Чаҳорумин ҷашнвора - озмуни театрии ҷавонон “Нигоҳи нав” ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва ба муносибати 75-солагии ҳунармандони маъруф – Убайдулло Раҷабов ва Ислом Саломов рӯзи шанбеи гузашта дар шаҳри Душанбе оғоз гирифт. “Ҷашнвора – озмуни “Нигоҳи нав” аз соли 2012 баргузор мешавад ва то кунун се маротиба ин иқдом дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси гурӯҳи ҷавонони эҷодкори тоҷик сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG