Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Елена Милашина аз Чеченистон гурехтааст


Елена Милашина, хабарнигори "Новая Газета"
Елена Милашина, хабарнигори "Новая Газета"

Елена Милашина, як хабарнигори рӯзномаи “Новая Газета”, аз тарси таҳдид ба амнияташ рӯзи 14-уми май аз Чеченистон фирор кардааст. Елена қазияи як духтари 17-солаеро навишта буд, як фармондеҳи пулиси Чеченистон ӯро маҷбурӣ ба занӣ гирифт. Ба гуфтаи Милашина, Нажуд Гучигови зандор хонаводаи духтари ноболиғро бо таҳдид маҷбур кардааст, ки духтарашонро ба ӯ бидиҳанд. “Новая Газета” гуфт, ки Елена Милашина, баъди он аз Чеченистон фирор кардааст, ки ҳангоми таҳқиқи ӯ дар бораи бисёрзанӣ маъмурони пулис ба ӯ ҳушдор додаанд. Рамазон Қодиров, раиси ҷумҳури Чеченистон, гуфтааст, ки издивоҷи духтари 17-сола бо ризоияти волидонаш сурат гирифт. Ҳарчанд бисёрзанӣ ва дуздии арӯсону издивоҷ бо ноболиғон дар Русия мамнӯъ аст, Қодиров ин таҷрибаҳоро нодида гирифтааст.

XS
SM
MD
LG