Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Македония мотами миллӣ идома дорад


Маъмурони пулиси Македония дар яке аз кӯчаҳои Куманово дар рӯзи 10-уми май.
Маъмурони пулиси Македония дар яке аз кӯчаҳои Куманово дар рӯзи 10-уми май.

Дар Македония рӯзи дуввуми мотами миллӣ ба хотири 8 маъмури пулисе идома дорад, ки рӯзҳои таътили гузашта дар натиҷаи даргирӣ бо афроди мусаллаҳ дар шаҳри Куманово кушта шуданд. Парчамҳои Македония рӯзи 11-уми май нимаафрошта буд ва мусобиқоти варзишӣ ва чорабиниҳои сиёсиро лағв карданд. Гйорге Иванов, раиси ҷумҳури Македония, гуфт, дар ҷараёни даргирӣ, ки рӯзи 9-уми май дар як шаҳри наздик ба марзи Косово ва Сербистон шурӯъ шуд, ҳамчунин 14 фарди мусаллаҳ кушта шуданд. Гйорге Иванов, рӯзи 10-уми май дар суханрониаш аз тариқи телевизиони Македония гуфт, маъмурони пулис “аз ҳамлаҳои ҳамоҳангшудаи террористие дар гӯшаҳои гуногуни кишвар ҷилавгирӣ карданд, ки метавонист дар кишвар нооромии ҷиддӣ, ҳарҷу марҷ ва тарсу ҳарос барангезад.” Ба қавли раиси ҷумҳури Македония, ин гурӯҳи мусаллаҳ “тундравон ва ҷинояткорони дорои таҷрибаи зиёди низомӣ ва варзида будаанд.” Никола Груевски, нахуствазири Македония, номи 5 раҳбари ин гурӯҳи мусаллаҳро эълон кард, ки ҳамаашон шаҳрвандони Косово будаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин афрод таҷрибаи ҷанг дар Балкану Ховари Миёнаро доштаанд, вале дар байни ақаллияти албанитабори Македония тарафдор надоштаанд.

XS
SM
MD
LG