Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарти ВКД барои афви ҷангиёни тоҷик дар Ироқу Сурия


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ҷавононеро, ки аз иштирок дар ҷангҳои Ироқу Сурия пушаймон шуда, ба Ватан бармегарданд, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод хоҳад кард.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расман эълон кард, ҷавононеро, ки аз иштирок дар ҷангҳои Ироқу Сурия пушаймон шуда, ба Ватан бармегарданд, мавриди авф қарор хоҳад дод. Мақомоти ин ниҳоди қудратӣ 9 май бо нашри эълони расмӣ гуфтанд, ин қабил ҷавонон аз ҷавобгари ҷиноӣ озода буда, метавонанд ба зиндагии осоиштаи худ дар Тоҷикистон идома диҳанд.

"Ҷавононе, ки гумроҳ шуда ба Сурия, Ироқ ва дигар давлатҳо дар муноқишаҳо иштирок намуда ва бисёриҳо пушаймон шуда ба Туркия ё дигар давлат баргаштаанд, метавонанд ба хонаҳои худ ихтиёран баргарданд,"--таъкид шудааст дар эълони ВКД.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон

Аз ингуна ҷавонон хоста шудааст, барои дарёфти посух ба суолҳояшон ва дарёфти кумак ба телефони боварии ВКД (221 21 21) тамос бигиранд. Вазорати корҳои дохилӣ гуфта, ки омодаааст, барои баргардондани ҳаминагуна шаҳрвандони пушаймоншудаи худ ҳаматарафа ёрӣ кунад.

Дар гузашта додситонии вилояти суғд гуфта буд, ҷавононе, ки бо хоҳиши худ аз ҷангҳо дар Ироқу Сурия бармегарданд ва агар собиқаи ҷиноӣ надошта бошанд, мавриди авф қарор хоҳанд гирифт. Аммо ин бори аввал аст, ки мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ расман мавриди авф қарор додани иштиркодорони ҷангҳои Ироқу Сурияро эълон мекунад.

Соли гузашта Одил Пӯлодов, сокини ноҳияи Спитамен баъди бозгашташ аз ҷанг дар Сурия ва таслим шуданаш ба мақомот авф шуда буд. Турдиалӣ Пӯлодов, бародари Одил Пӯлодов, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бародараш дар назди аҳли оилааш аст ва ба кори саҳро машғул мебошад. Ба гуфтаи Турдиалӣ Пӯлодов, Одил 30-сола буда, охирҳои моҳи июли 2014 баъди ду ҳафтаи будубош дар Сурия, ба ҷанг надаромада, бо роҳи фирор худро ба Туркия ва аз он ҷо ба Тоҷикистон расондааст ва ба мақомоти интизомӣ таслим шудааст. Додситонии Суғд мегӯяд, чун Одил Пӯлодов ва бо ихтиёри худ аз Сурия ба Тоҷикистон бозгаштаву қаблан аз ҷониби онҳо ҷинояте содир нашудааст, мавриди афв қарор гирифт ва ҳоло дар маҳалли зисташ озодона зиндагӣ дорад.

Рӯзи 7 майи соли ҷорӣ дар ҳамоише дар "Кохи Ҷомӣ"-и шаҳри Душанбе Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, як сокини

Фаррух Шарифов, ҷавоне, ки аз Сурия баргаштааст
Фаррух Шарифов, ҷавоне, ки аз Сурия баргаштааст

Хуҷанд Фаррух Шарифовро ба ҳозирин муаррифӣ кард, ки ба гуфтаи ӯ пас аз як моҳи зиндагӣ дар Сурия ва пайвастан ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пушаймон шуда, бо талошҳои зиёд аз он ҷо ба ватан омадааст ва ҳоло аз ҷавобгарӣ озод аст. Вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, Фаррух Шарифов ҳамагӣ чанде пеш худро аз Сурия ба Туркия расонд ва мақомоти Тоҷикистон ба ӯ кумак карданд, ки ба ватан баргардад.

Худи ​Фаррух Шарифов гуфт, баъд аз дидани вазъ дар Сурия, шоҳид шудан ба сарбуриҳо ва бераҳмиҳои афроди гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва дидани он ки занони муҷоҳидони тоҷик хариду фурӯш мешуданд ва фарзандонаш дарбадаранд ва баҳсҳои зиёдаш бо афроди ин гурӯҳ дар фикри фирор аз урдугоҳи "Давлати Исломӣ" шудааст. Ӯ нақл кард, баъд аз расидан ба Сурия шиносномаи ӯро сӯзонда буданд ва танҳо роҳаш ин буд, ки аз модараш хоҳиш кунад, "шиносномаи сурх"-и тоҷикияшро барояш фиристанд, то тавонад аз марзи Туркия гузарад. Вай мегӯяд, розӣ буд, мақомоти Туркия ӯро расман ихроҷ кунанд.

Аммо расидан аз Раққа то марзи Туркия ба иллати постгоҳҳои бешумори "Давлати исломӣ" ва минтақаҳои минагузоришуда хатарбор будааст. “Дар марзи Туркия маро боздошт ва латту кӯб карданд, аммо талаб намудам, расман ихроҷ намоянд,”—гуфт ӯ.

Бино ба гузоришҳо, то кунун тақрибан 300 ҷавони тоҷик ба сафи гурӯҳҳои тундрави исломӣ дар Сурия ва Ироқ пайваста ва дар ҷангҳои онҷо ҳудуди 60 нафарашон кушта шудаанд. Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода гуфт, дар робита ба афроде, ки барои ширкат дар ҷангҳо ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, 150 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Вай афзуд, ҳоло 40 хонаводаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сурияанд.

Рамазон Раҳимзода гуфт, то имрӯз чандин зане, ки ҳамроҳи шавҳаронашон дар Сурия буданд ва шавҳаронашон кушта шудаанд, ба ВКД муроҷиат карда, барои берун овардани онҳо аз Сурия кумак хостаанд. Ҳафтаи гузашта Диловар Қарахонов, сокини 23-солаи ноҳияи Шаҳритӯс, ки моҳҳои охир бенишон шуда буд, аз Туркия ба наздиконаш занг зада гуфтааст, ки аз сафар ба Сурия худдорӣ мекунад ва ба Тоҷикистон бармегардад.

Ин ҷавон ба хонавода ва мақомот танҳо аз мақсади омаданаш хабар додааст, вале маълум нест, дар куҷо зиндагӣ мекунад. Вале маълум шудааст, ӯ моҳҳои ахир бо ду ҳамдеҳааш дар Анқара зиста, аз дасти онҳое, ки мехостанд ин се нафаро ба Сурия баранд, фирор намудааст.

XS
SM
MD
LG