Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

17 сол зиндон шудани "ҷиҳодӣ" дили падарро нарм накард


Тӯйчибой Абдуллоев
Тӯйчибой Абдуллоев

Як сокини ноҳияи Спитамен мегӯяд, ки бо вуҷуди 17 сол зиндонӣ шудани писари ҷиҳодияш ӯро набахшид. Баръакс, ба қавли ӯ, баҳс бо писараш дар толори додгоҳ ҷудоии онҳоро амиқтар кардааст.

Тӯйчибой Абдуллоев, сокини ноҳияи Спитамен дар шимоли Тоҷикистон мегӯяд, аз зиндонӣ шудани писараш Ҷавлон Юсуфов, мулаққаб ба "Абдулло Увайсхон" барои 17 сол ҳудуди 3 моҳ сипарӣ мешавад. Вай мегӯяд, рӯзи эълони ҳукм дар додгоҳ ҳозир буд, вале падару писар ба сӯи якдигар қадами оштӣ нагузоштанд:

“Додрас аз вай гуфт, ки ба падарат чӣ мегуӣ? Вай аз ҷояш хеста, ба ман тӯҳмат зад, гуфт, ки падарам – қиморбоз, ваҳшӣ, ба аҳли оила зулм мекунад. Ин ҳама гапҳояш хато. Ман дар умрам қимор набохтаам. Аммо дуруст, хурӯсбозӣ, бедонабозӣ мекунам, аммо ин қиморбозӣ нест ку. Фарзанде, ки ҳамин хел қадри падари худашро намедонад, чӣ хел дигар фарзанд гуфтан мешавад?”

Падар дар шарҳи сабабҳои ҷудоӣ афтодан байни ӯву писараш душворӣ мекашад. Аз суханони вай танҳо ҳамин қадар маълум мешавад, ки писараш дар мардикории Русия чанд сол пеш тағйири ақида кард. Вай аз овозхонӣ даст кашид ва падару модар ва хоҳарону бародарашро ба сатр пӯшидану парҳез аз нӯшидани шароб ва дигар корҳои аз нигоҳи шаръӣ нораво, даъват кард. Падар аз сарпечии писар сахт норизо шуда, ӯро шадидан маҳкум кард ва кори онҳо ба баҳсу моҷароҳои оилавӣ кашид. То ҷое, ки падарҳамсару як духтарашро, ки аз Ҷавлон пайравӣ мекарданд ва худи ӯро, аз хонаашон ронд. Ҳоло Тӯйчибой Абдуллоев ҳамроҳи як духтару як писари дигараш зиндагӣ мекунад.

Тӯйчибой Одинаев ҳини сӯҳбат ба хабарнигори Радиои Озодӣ.
Тӯйчибой Одинаев ҳини сӯҳбат ба хабарнигори Радиои Озодӣ.

Аз вай пурсидам, ин гуна сахтгирии аз ҳад зиёд дар нисбати фарзандаш чаро? Оё фикр намекунад, агар дар нисбати вай аз аввал меҳрубонтар мебуд, ба намозу ақидаҳои муътадили вай кордор намебуд, мумкин, писараш ба гурӯҳи тундрав ҳамроҳ намешуд? Ва ҳатто зиндонӣ шудани арзандаш ва гузашти айём ҳам дили вайро нарм накард ? Ҷаноби Абдуллоев чунин посух дод: “Характери ман ҳамин хел, укаҷон. Ман гуноҳи вайро намебахшам. Характери ман аз они Сталин барин. Касе ки манро ҳурмат мекунад, ман даҳ бор зиёд эҳтиромаш мекунам. Аммо ҳурмат накунад, нобуд карда мепартоям.”

Тӯйчибой Абдуллоев 60-сола мебошад ва писараш Ҷавлон 29-сола аст. Ҳам падар ва ҳам писар баъд аз хатми мактаби миёна ҷое таҳсил накарда ва маълумоти олӣ надоранд. Падар касби дуредгарӣ доштааст ва аз пайи он рӯзӣ ба даст меовардааст. Писар аз роҳи мардикорӣ дар Русия пул кор мекард. Онҳо аз наслҳои гуногунанд ва андешаву ақида ва ҷаҳонбиниашон мухталиф аст.

Бархе сокинони Тоҷикистон, ки андешаву ҷаҳонбинии онҳо замони шӯравӣ ташаккул ёфтааст, аз дину диндорӣ хушашон намеояд. Ақидаву ҷаҳонбинии онҳо бар пояи боварҳову одатҳои халқӣ аст, мисли он, ки писар бояд ягон ҳарфи падарро бар замин намонад. Аз нигоҳи бархеи онҳо, аз хати кашидаи падар фаротар по ниҳодани писар мисли як хатои бузург ё ҳатто ҷиноят қабул мешавад. Махсусан, даъватҳои тундгароёнаи ҷавононро шадидан маҳкум мекунанд. Зиддияти байни падару писар аз он сар зад, ки Тӯйчибой писараш - Ҷавлонро овозхон дидан мехост. Вале Ҷавлон ба гурӯҳи тундрав пайваста, мусиқиро “ҳаром” донист ва аз он даст кашид.

Баъди боздошти ин гурӯҳ, падарони чанд нафари онҳо, аз ҷумла Тӯйчибой Абдуллоев тавассути телевизионҳои маҳаллӣ рафтори фарзандони худро шадидан маҳкум карда буданд. Абдуллоев дар суханрониаш ба воситаи телевизионҳои маҳаллӣ аз мақомот хоста буд, ки фарзандашро ба шадидтарин муҷозот кашанд, “илоҷаш бошад, нест карда партоянд.” Вай дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҷудоӣ байни ӯву писараш чанд сол пеш аз дастгир шудани писараш ба гумони таъсису ба роҳ мондани гурӯҳи ҲИУ афтода буд.

Ҷавлон Юсуфовро кормандони пулис охирҳои соли гузаштаи 2014 ҳамроҳи 9 рафиқаш ба гумони таъсис ва раҳбарии як гурӯҳи 10 - нафарии мансуб ба Ҳаракати исломии Узбакистон ва даъвати ҷавонон барои иштирок дар ҷангҳои Сурия дастгир карда буданд. Худи Ҷавлон Юсуфов дар он гузориши телевизионии пулис гуфта буд, ки ҳадаф дошт бо таъсиси гурӯҳи ҲИУ дар роҳи бунёди давлати исломӣ фаъолият кунад.

XS
SM
MD
LG