Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи футболи Наимҷони Сайдалӣ зидди "ҷиҳод"-и Сурия


Бо ташкили дастаи футбол ва сарҷамъ кардани дӯстдорони ин навъи варзиш, Наимҷони Сайдалӣ, овозхони ҷавони тоҷик мехоҳад, ҷавононро аз роҳи бад, мисли рафтан ба ҷанги Сурия, бозгардонад.

Наимҷони Сайдалӣ, овозхони тоҷик, ки бештар бо таронаҳо дар мавзӯи муҳоҷират ва ғарибӣ шинохта шудааст, бо сарҷамъ кардани дӯстдорони футбол орзуи даврони бачагияш -- таъсиси дастаи футбол дар минтақаи зисташро амалӣ кард. Ин овозхони ҷавон дар пешорӯи Ҳафтаи ҷавонон дар Тоҷикистон, тими футболро дар зодгоҳаш ноҳияи Бохтар таъсис дод ва номашро ҳам “Бохтар” гузошт.

Наимҷони Сайдалӣ, ки муддате барои назорат бар бозингарони тими “Бохтар” аз Душанбе ба зодгоҳаш омадааст, рӯзи 6 май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳама талошашро анҷом медиҳад, то бозингаронашро сарҷамъ нигоҳ дорад ва дастаро пешсаф кунад. Ба ин хотир мегӯяд овозхони ҷавон, ӯ барои тамрини ҳирфаии бозингаронаш беҳтарин мураббиҳоро аз дастаҳои футболи вилоят ҷалб мекунад.

Ин ҳунарпеша мегӯяд, ки тими футболашро сабти ном карда ба унвони як муассис ба ҷаласаҳои Федератсияи футболи кишвар даъват мешавад: “Дар дастаи мо 18 нафар бо шумули 16 бозингар ҷамъ шудаанд, шароити хуби бозӣ, мураббии хуб муҳайё кардем, ки бо онҳо тамрин мекунад ва бозиҳои дӯстона мегузаронанд. Дурнамои мо ин аст, ки дар оянда ба лигаи олӣ ворид шавем ва аз пешсафони футбол бошем.”

Наимҷони Сайдалӣ худ сармоягузори ин тим буда, барои чаҳор сол дастмузди бозигарон, хӯрок ва харҷи роҳи онҳо дар назар гирифтааст. Вай мехоҳад ҳамзамон бо нигаҳдории ин тим овозхонии худро идома ва рушд диҳад.

Овозхони тоҷик дастаи футбол ташкил кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:16 0:00

Наимҷони Сайдалӣ мегӯяд, дар ноҳия ҷавонони бекор, ки ба футбол ҳавас доранд, зиёданд, ҳайф мебуд агар онҳо вақти худро ба беҳудагардӣ сарф кунанд. “Футбол метавонад ҷавононро аз роҳи бад гардонад ва ба роҳи рост равона кунад”- мегӯяд ин овозхон.

“Вақте бозингарони мо тамрин мекунанд ва ё бозиҳои дӯстонаро анҷом медиҳанд, ҷавонони зиёд ба тамошои бозӣ меоянд. Фикр мекунам, ки агар ҷавонон ба ягон намуди варзиш, бахусус бозии футбол ҷалб мешавад ба роҳи бад, мисли ҷанги Сурия намераванд ва ба ҷодаҳои хатарнок по намегузоранд. Кӯшиш мекунем, ки мардумро дар вақти фароғати онҳо аз кор ба тамошои футбол даъват кунем.”

Кибирё Сафарова, муовини раиси ноҳияи Бохтар аз таъсиси тими футбол барои ҷавонони ноҳия истиқбол кард. Ӯ рӯзи 6 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, солҳо боз бозии футбол дар ин ноҳия кармранг шуда буд ва таъсиси тими нав онҳоро дубора ба футбол ҳавасманд кард.

“Наимҷон аз ҷавонони фаъол аст, ки дар ин ноҳия тими футболеро таъсис дод. Ин иқдоми ӯ дар ноҳия хуб пазироӣ шуд. Мо дастгирӣ мекунем, худи раиси ноҳия низ дастгирӣ мекунад, чун як пешравӣ аст ва бояд футбол рушд кунад, пеш аз ҳама ҷавонони бекор ва он ҷавононе, ки ба ҳар роҳи бад мераванд бояд ба ин намуд бози ҷалб шаванд.”

Федератсияи футболи вилояти Хатлон низ аз имкони эҳёи футбол дар ин ноҳия истиқбол кардааст.

Фаъол шудани як тими футбол дар Бохтар, ҷануби Тоҷикистон дар ҳолест, ки аксарияти тимҳои футболи шаҳру навоҳӣ ба хотири набуди сармояи молӣ пароканда шуда, солҳо аз онҳо хабаре набуд. Ноҳияи Бохтар низ аз ҷумлаи навоҳиест, ки солҳои охир бозингаронаш аз набуди сармоя ба муҳоҷирати корӣ баромаданд ва ё ба шаҳрҳо кӯч бастанад.

Бохтар ноҳияи дар ҷануби Тоҷикистон аст, ки бахше аз вилояти Хатлон буда ва беш аз 200 ҳазор аҳолӣ дорад. Бахши умдаи ҷавонмардони ин ноҳия ҳам мисли навоҳии дигар кишвар дар Русия кор мекунанд ва баъзеи онҳо тавассути Русия барои ҷиҳод ба Сурия рафтаанд.

XS
SM
MD
LG