Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркишҳои Бағдод 17 тан ҷон доданд


Дар натиҷаи таркиши 5 мошини бомбгузоришуда дар шаҳри Бағдод дар шоми 30-уми апрел дасти кам 17 нафар кушта шуданд. Ба гуфтаи мақомоти пулис ва табибон, дар яке аз таркишҳои маргбор, ки ба назар мерасад, ҳамоҳангшуда будаанд, дар маҳаллаи Искан 5 нафар ҷон доданд. Баъди онки ҷангҷӯёни созмони «Давлати исломӣ» тобистони соли гузашта манотиқи васеи Ироқро ишғол карданд, дар шаҳри Бағдод қуюди шабгардӣ ҷорӣ шуд. Мақомоти Ироқ баъдан моҳи феврал барои осонтар шудани равуои мардум, қуюди шабгардиро бекор карданд, вале зоҳиран тундравон аз ин озодии равуо барои ҳамлаҳо истифода мекунанд. Ҳамаи таркишҳо дар маҳаллаҳои истиқоматӣ сурат гирифтанд ва қурбониён ҳам мардуми осоишта ҳастанд.

XS
SM
MD
LG