Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши нақши Русия дар муноқишаи Украина


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, Русия дар чанд моҳи гузашта назорат ва фармондеҳӣ ба ҷудоиталабон дар шарқи Украинаро сахттар кардааст. Хабаргузории "Ассосиеэйтед Пресс" рӯзи 30-уми апрел гуфт, ки дар ин бора хадамоти иттилоотӣ аз минтақа ба мақомоти расмии Амрико хабар додаанд. Бо назардошти ин Иёлоти Муттаҳида ибораи нави “нерӯҳои муттаҳиди Русия ва ҷудоиталабон”-ро ба кор мебарад ва вазорати умури хориҷии Амрико ин ибораро дар ҳафтаи гузашта се маротиба истифода кард ва Русияву ҷудоиталабонро барои помол кардани созиши оташбас башиддат танқид кард. Хадамоти иттилоотии Амрико гуфтаанд, ки далелҳои зиёде мавҷуд аст, ки нерӯҳои Русия ва ҷудоиталабон ҳамроҳ кору тамрин ва зери фармондеҳии сохторе амал мекунанд, ки дар ниҳоят ба Русия посух мегӯяд. Тағйири арзёбии Амрико аз нақши Русия дар муноқишаи Украина барои Маскав оқибатҳои манфӣ дорад ва бардоштани таҳримоти зиёновар барои Русия ва ҳамкориаш бо Амрико дар масоили манъи густариши силоҳҳои атомӣ ва мубориза бо терроризмро сахттар мекунад.

XS
SM
MD
LG