Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Швейтсария хушбахттарин кишвари ҷаҳон


Мардуми Швейтсария, худро хушбахттарин мардум дар ҷаҳон мешуморидаанд ва ба андешаи мардуми Афғонистон онҳо назар ба тамоми миллатҳои дигари дунё камсаодат ҳастанд. Дар гузориши тозаи Хушбахтӣ дар ҷаҳон, ки 158 кишварро дар бар мегирад, Тоҷикистон дар мақоми 106-ум қарор дорад. Мардуми Узбакистон ҳам худро хушбахт медонистаанд ва кишварашон аз ин назар дар зинаи 44-ум ҷой гирифтааст. Қазоқистон 10 зина поинтар ва дар мақоми 154-ум аст. Туркманистону Қирғизистон ҷойҳои 70 ва 77-ро соҳиб шудаанд. Гузориши мазкурро як муассисаи Созмони Милал рӯзи 23-уми апрел нашр кард ва дар он нишон дода шудааст, ки зиндагии мардум дар солҳои 2012 то соли 2014 то чӣ ҳад тағйир ёфтааст. Ҷадвали хушбахтиро бар асоси назарсанҷиҳои муассисаи амрикоии Геллап анҷом таҳия кардаанд.

XS
SM
MD
LG