Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёрони Немтсов хоҳони таҳримҳои бештар шуданд


Михаил Касянов
Михаил Касянов

Ёрони Борис Немтсов-мунаққиди Кохи Кремли Маскав аз Амрико хостаанд, ки бар зидди “мубаллиғон”-и телевизионии Русия таҳримҳои бештар ҷорӣ кунад. Онҳо ин мубаллиғонро муттаҳам мекунанд, ки маъракаи таблиғотии онҳо тавассути телевизион низ яке аз сабабҳои куштори Немтсов шадааст.

Владимир Қара-Мурзаи хурдӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вай ва Михаил Касянов 23 апрел дар Вашингтон бо қонунгузорони Амрико мулоқот ва аз онҳо дархост мекунанд, ки бар зидди 8 раҳбари телевизион тибқи Санади Магнитский барои нақзи ҳуқуқи башар таҳрим ҷорӣ кунанд.

Касянов дар давраи аввали раёсати ҷумҳурии Владимир Путин нахуствазири Русия буд ва ҳоло яке аз мухолифони Кремл мебошад. Вай ва Немтсов ҳизби мухолифи РПР-Парнас-ро созмон додаанд.

Қара-Мурзаи хурдӣ узви Шӯрои федеролии ин ҳизб аст ва мегӯяд, ки дар Вашингтон бо қонунгузорон мулоқот мекунанд. Интизор меравад, ки бо Эд Ройс-намояндаи Амрико ва раиси Кумитаи корҳои хориҷаи Маҷлиси Намояндагон, бо сенатор Роҷер Викер-ҳамраиси Кумиссиюни Ҳелсинкии Амрико низ мулоқот сурат бигирад.

XS
SM
MD
LG