Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бишкек аз Тоҷикистон таҷриба меомӯзад


Ноиби вазири энержӣ ва саноати Қирғизистон Ойбек Қалиев рӯзи 20 апрел дар ҷаласаи порлумони ин кишвар гуфт, Қирғизистон таҷрибаи анбошт ё ҷамъоварии об дар обанборҳои Тоҷикистонро меомӯзад, то дар танзими захираи обанбори Тухтагул истифода кунад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми об дар обанбор ҳоло 6,6 миллиард метри мукаабро ташкил медиҳад ва дар панҷ рӯзи охир на истифода, б алки ҷамъоварии об идома дорад.

Дар айни замон ноиби аввали сарвазири Қирғизистон Тойирбек Сарпашев дар ин ҷаласа гуфтааст, хатари ҷамъ шудани “бори мурда” дар обанбор зиёд аст ва бояд таҷрибаи кишвари ҳамсоя дар ҷамъоварӣ ва сардиҳии об истифода бурад шавад.

XS
SM
MD
LG