Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фиреб шоҳмотбози гурҷиро аз сабқат ронд


Гайоз Нигалидзе
Гайоз Нигалидзе

Гроссмейстри гурҷӣ Гайоз Нигалидзе аз сабқати қаҳрамонии шоҳмот дар Дубай барои хилофкорӣ ронда шуд. Сарони мусобиқа мегӯянд, ӯ бо баҳонаи дастшӯӣ ба ҳоҷатхона мерафт ва дар телефони дастияш гаштҳои бозиро месанҷид. Рақиби ӯ дар даври шашуми сабқат, шоҳмотбози арман Тигрон Петросиён баъд аз ду раҳ ба ҳоҷатхона рафтани Нигалидзе дар байни гаштҳо ба доварон шикоят кард. Дар натиҷаи тафтиш маълум шуд, ки Нигалидзе дар ҳуҷраи ҳоҷатхона телефони мобилии худро дар байни когазҳо пинҳон кардааст. Сардовари сабқат Абдул Раҳим мегӯяд, аз ин моҷаро ба Федерасиюни Байнулмилалии Шоҳмот хаба додааст. Агар иттиҳом исбот шавад, Нигалидзе аз ширкат дар ҳамаи гуна сабқати шоҳмот дар 3 соли оянда ва дар ҳоли такрор шудани ғиром аз ширкат дар рақобатҳо дар 15 соли оянда маҳрум хоҳад гашт.

XS
SM
MD
LG