Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Берун шудани 16 шаҳрванди Тоҷикистон аз Яман


Гурӯҳи 16-нафараи шаҳрвандони Тоҷикистон имрӯз бо як автобуси мусофирбар аз хоки Яман ба давлати Уммон берун шуда, феълан дар роҳ ба Арабистони Саудӣ қарор доранд. Дар ин бора 13 апрел ба радиои Озодӣ Абдулфайз Атоӣ, сардори департементи иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дод.

Ӯ гуфт, "ин гурӯҳро дар Саъудия сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Ардашер Қодирӣ истиқбол гирифта онҳоро ба Русия гусел мекунад". Бовар меравад, ки ин ҳамон гурӯҳи ходимони тиб ва аҳли хонаводаи онҳоест, ки дар минтақаи Ҳазрамаут, дар 1000-километрии шаҳри Санъо ба сар бурда, барояшон сафорати Тоҷикистон дар Риёз машварат дода буд, бо роҳҳои амн, на ба Санъо, балки ба Уммон ҳаракат карда, баъдан ба Арабистони Саъудӣ бирасанд.

Ба қавли Атоӣ, то ин дам 172 шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳудуди Яман берун оварда шуда, тақрибан 20-30 нафар бо ихтиёри худ дар он ҷо мондаанд.

XS
SM
MD
LG