Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум: Куштори арманиҳо "наслкӯшӣ" буд


Попи Рум Франсиск рӯзи 12 апрел дар як ниёиш дар Калисои Петри Муқаддас дар Рум куштори дастаҷамъии арманиҳо аз сӯи салтанати Усмонии Туркияро “аввалин наслкӯшӣ дар қарни 20” номид. Ин ниёиш ба садумин солгарди куштори дастаҷамъии арманиҳо замони ҷанги якуми ҷаҳон бахшида шуд.

Ба гуфтаи Поп Франсиск “пинҳон ё инкор кардани бадӣ монанди ҷароҳати хуншорест, ки онро сари вақт набастаанд”.

Туркия куштори арманиҳоро чун “наслкӯшӣ” эътироф намекунад ва ду сол пеш, вақте бори нахуст Попи Рум дар робита ба ҳаводиси соли 1915 ин вожаро бурд, ба таври қатъӣ ба ӯ эътироз кард.

Ба иттилои муаррихони арманӣ, замони ҷанги якуми ҷаҳон бар асари қатли ом аз сӯи артиши Туркия якуним миллион арманиҳо кушта шуданд.

Мақомоти Туркия ҳалокати арманиҳоро бо воқеъияти ҷанг марбут мекунанд ва мегӯянд, ки дар набардҳо садҳо ҳазор туркҳо низ ба ҳалокат расиданд.

Ҳамасола арманиҳо 24 апрел аз қурбониёни ҳаводиси соли 1915 ёд меоваранд – сад сол пеш дар ин рӯз дар Истамбул беш аз 800 нафар аз зиёиёни арманитабор боздошт ва эъдом шуданд.

XS
SM
MD
LG