Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 қочоқчии муҳоҷирон боздошт шудаанд


Марзи Қазоқистону Узбакистон
Марзи Қазоқистону Узбакистон

Додгоҳе дар Қазоқистон дастур додааст, ки се мард ба эҳтимоли ташкили муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони Узбакистон ба Русия дар боздошт нигаҳдорӣ шаванд.

Додгоҳи Арал дар Қазоқистони Ҷанубӣ 7 апрел гуфт, ки агар иттиҳоми ин се мард исбот шавад, ба ҳар яки онҳо 7 соли ҳабс таҳдид мекунад.

Бозрасон онҳоро муттаҳам мекунанд, ки шаҳрвандони Узбакистонро ба маркази идории минтақа ба Арал меовардаанд ва аз он ҷо ғайриқонунӣ аз марз гузаронида, дар қаламрави Русия ба ҳамдастони дигарашон таслим мекардаанд.

XS
SM
MD
LG