Муовини дувуми раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон тундравҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро масъули рабудани даҳҳо марду кӯдаки шиа дар аввали соли ҷорӣ дар ин кишвар донист. Муҳаммад Муҳаққиқ ба Радиои Озодӣ гуфт, ду нафар аз раҳбарони пешини Толибон бо номҳои Мулло Мансур Додуллоҳ ва Мулло Абдуллоҳ Коко дар паси ин одамрабоӣ қарор доранд.
Муҳаққиқ мегӯяд, дар баъзе ҷойҳо ба ҷои парчами сафеди Толибон парчами сиёҳи “Давлати исломӣ”-ро насб кардаанд.
24 феврали соли ҷорӣ дар роҳ аз Зобул ба Кобул мардони мусаллаҳи ниқобпӯш аз ду автобуси мусофирбар 31 нафарро рабуданд. Бино ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, афроди мусаллаҳ мардони ҳазораро ҷудо карда ва бо худ бурдаанд, дар ҳоле ки ба занону кӯдакон ва ғайриҳазораҳо кордор нашудаанд.