Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо вуҷуди танишҳо Эрдуғон аз Эрон боздид мекунад


Реҷеп Тайип Эрдуғон
Реҷеп Тайип Эрдуғон

Реҷеп Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳури Туркия рӯзҳои оянда аз Теҳрон боздид ва бо мақомоти баландпояи Эрон мулоқот мекунад. Хабаргузории Ройтерз гузориш додааст, ки бо вуҷуди танишҳои ахири миёни Туркияву Эрон ин боздид 7 апрел ба нақша гирифта шудааст.

Баъзе аз намояндагони Маҷлиси Эрон даъват карданд, ки боздиди Эрдуғон аз Эрон лағв шавад, зеро вай дар амалиёти зидди қабилаҳои Ҳусӣ дар Яман аз эътилофи низомии зери фармондеҳии Арабистони Саъудӣ ҷонибдорӣ кардааст.

Туркияву Эрон бо ҳам равобити қаввии иқтисодӣ доранд ва Эрон дуввумин кишвари бузурги таъминкунандаи гази Туркия ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG