Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали Шукрона Қарчиева дар Твер


Дар мусобиқаи бози Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни наврасон, ки дар шаҳри Твери Русия идома дорад, Шукрона Қарчиева -- варзишгари навраси тоҷик дар вазни 48 кило мақоми дувум ва медали нуқра ба даст овард. Ин мусобиқа, ки рӯзи 4 апрел барои варзишгарони соли таваллудашон 1998 ва 2000-ум оғоз шуд, 5 апрел ҳам идома дорад.

Бино ба гуфтаи Ширинҷон Муҳаммадсафоев, як намояндаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин мусобиқа 10 варзишгари тоҷик иштирок доранд. Дар вазни 48 кило, ки Шукрона Қарчиева мақоми дувумро соҳиб шуд, ҳамагӣ 19 нафар рақобат доштанд. Шукрона дар се даври аввал намояндаи Русия Муҳаббат Бӯриева (дар 34 сония), намояндаи Қирғизистон Комиша Саскиева (дар 2 дақиқаву 17 сония) ва намояндаи дигари Русия Х.Гарияро (дар 2 дақиқаву 56 сония) мағлуб намуда, дар рақобати ниҳоӣ аз дзюдочии рус Куриш Фаҳина шикаст хӯрд.

Мусобиқаи кушоди Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни наврасон тибқи анъана, ҳар сол дар аввали моҳи апрел дар шаҳри Твери Русия баргузор мешавад. Имсол дар ин мусобиқа беш аз 400 дзюдочӣ аз 24 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Олмон, Ҷумҳурии Чех, Амрико, Бразилия ва Қазоқистон иштирок карданд.

XS
SM
MD
LG