Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аэробуси А320-и Олмон дар Алп суқут кард


Airbus A320
Airbus A320

Аэробуси А320-и Олмон 24 март, рӯзи сешанбе дар кӯҳистонҳои ҷанубии Фаронса бо 150 нафар суқут кард. Мақомот мегӯянд, бими он меравад, ки касе аз ин 150 нафар зинда намондааст.

Пулис ва мақомоти ҳавонавардӣ мегӯянд, ки Аэробуси А320-и ширкати Люфтҳанзаи Олмон аз шаҳри Барселонаи Испания ба шаҳри Дюсселдорфи Олмон парвоз мекард.

Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд касе аз ин ҳодиса ҷони солим ба дар набурдааст. Мануэл Волз –нахуствазири ин кишвар гуфт, ки то ҳол сабабҳои суқути ҳавопаймо маълум нест.

Ин маргбортарин суқути ҳавопаймо баъд аз суқуқи ҳавопаймои ширкати ҳавоии Малайзия дар моҳи июли соли гузашта дар қаламрави Украина ба шумор меравад. Он вақт ҳамаи 298 нафар ҷон бохта буданд.

Мануэл Волз ба хабарнигорон гуфт, бо назардошти шароити суқути ҳавопаймо бими он меравад, ки аз 142 то 150 нафар дар ин ҳодиса кушта шуда бошанд”.

Вазири дохилаи Фаронса мегӯяд, ки дар наздикии яке аз деҳоти кӯҳистонии Фаронса пораҳои ҳавопайморо пайдо кардаанд.

XS
SM
MD
LG