22 март пулис дар шаҳри Санкт-Петербург дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозии зидди “Форуми байналмиллалии муҳофизакорони Русия” 8 нафарро боздошт кардааст. Дар ин форум намояндагони чанд ҳизби миллатгарои кишварҳои аврупоӣ низ ширкат доштанд.
Эътироз дар назди меҳмонсарои «Holiday Inn» оғоз ёфт ва дар он тақрибан 40 нафар гирдиҳам омаданд. Рӯзномаи интернетии «Фонтанка.ру» аз маҳали тазоҳурот гузориш додааст, ки ширкаткунандагон барабан ё табл мезаданд ва шиорҳои зиддифашистӣ сар медоданд.
Дар шаҳри Петербург ҳамчунин дар чанд ҷо бар зидди ин форум эътирозҳои алоҳида баргузор шудааст.
Ҳизби миллӣ-муҳофизакори “Родина” созмондиҳандаи форум ё маҷмаи ҷунбишҳои ростгаро мебошад. Ин ҳизб дар сомонаи худ навиштааст, ки ҳадафи баргузории чунин эътирозҳо ҳамоҳанг сохтани нируҳои миллатгарои Русия ва Аврупо мебошад.