Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашнҳои Наврӯзии тоҷикон идома дорад


Дар Наврӯзи Хуҷанд
Дар Наврӯзи Хуҷанд

22 март таҷлил аз ҷашни Наврӯз дар минтақаҳои Тоҷикистон идома ёфт. Имсол барномаҳои аслии Наврӯзии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Хабарнигори Радои Озодӣ аз ин шаҳр гузориш дод, ки 22 март бо ширкати 25 ҳазор нафар ҳаводорон дар варзишгоҳи шаҳр базми наврӯзӣ барпо шуд. Дар он раиси ҷумҳур ва соири мақомоти баландпояи кишвар ширкат доштанд.

Вуруд ба консерти наврӯзии Суғд дар варзишгоҳ танҳо бо даъватнома иҷоза дода мешуд. Вале як рӯз пеш 21 март дар ин шаҳр оромгоҳи Камоли Хуҷандӣ ва пайкараи вай гушоиш ёфт ва рӯзи якшанбе сокинони шаҳр дар чорбоғи ба номи Камоли Хуҷандӣ сайру гаштҳои наврӯзиро идома доданд.

Ба Радиои Озодӣ ҳамчунин аз шаҳрҳои мухталифи Русия, аз Лондон, Олмону Амрико ва кишварҳои дигари Аврупо хабар доданд, ки маросимҳои наврӯзии ҷамъиятҳои тоҷикони муқими ин кишварҳо бо ширкати ҳунармандони маъруфи тоҷик баргузор шудааст.

XS
SM
MD
LG