Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии ҳизби Нетаняҳу


Бенямин Нетаняҳу
Бенямин Нетаняҳу

Ҳизби ҳокими Ликуди нахуствазир Бенямин Нетаняҳу дар интихоботи Исроил ғайриинтизор пирӯз шуд. Дар ҳоле ки тақрибан ҳамаи баргаҳои рай шумурда шудааст, чунин ба назар мерасад, ки ҳизби Ликуд аз 120 курсии порламон 30 курсиро ба даст овардааст.

Исҳоқ Ҳерзог-раҳбари мухолифон гуфт, ки вай бо Нетаняҳу сӯҳбат ва пирузии вайро табрик кардааст. Назархоҳиҳо нишон медод, ки ҳизбҳои Ҳерзог ва Нетаняҳу тақрибан ҷонибдори баробар доранд. Вале ҳизби Иттиҳоди Саҳюнистии Исҳоқ Ҳерзог 24 курсиро соҳиб шудааст.

Ҳоло Нетаняҳу бояд барои ташкили ҳукумат бо ҳизбҳои ростгаро ва муттаҳидони мазҳабӣ эътилоф ташкил кунад. Агар вай дар ташкили эътилофи короям комёб шавад, бори чаҳорум раҳбарии ҳукуматро бар уҳда мегирад ва дарозумртарин нахуствазири Исроил хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG