Расонаҳои Покистон дар бораи ҳалокати дасти кам даҳ нафар бар асари таркишҳо дар канори ду ибодатгоҳи масеҳӣ дар як минтақаи насронинишини шаҳри Лоҳур хабар доданд.
Дар ин таркишҳо, ки рӯзи якшанбе, 15 март дар мавзеъи Ёҳанобод сурат гирифтанд, тақрибан 55 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамлаҳо дар ҳоле рӯй доданд, ки масеҳиҳо дар ибодатгоҳҳо дар ниёиши рӯзи якшанбе ҷамъ омада буданд.
Масъулияти ҳамлаҳоро гурӯҳи “Ҷамоат-ул-Аҳрор”, як шохаи гурӯҳи Толибони Покистон, бур дӯш гирифт.
Шоҳидони ҳодиса гуфтанд, ки ҳамлаҳоро маргталабҳо анҷом додаанд, аммо полис ин хабарро тасдиқ накардааст.