Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи бародарзодаи раиси собиқи Қубодиён


Саъдулло Беканзарзода, раиси собиқи Қубодиён
Саъдулло Беканзарзода, раиси собиқи Қубодиён

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корррупсияи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон парвандаи Муҳаммад Беканазаров, бародарзодаи Саъдулло Беканазарзода – раиси собиқи ноҳияи Қубодиёнро барои баррасӣ ба додгоҳи Ёвон фиристодааст. Муҳаммад Бекназаров дар гузашта ба ҳайси муҳандиси заминсоз дар идораи замини ноҳияи Ёвон фаъолият мекард.

Ӯ ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуда, бар муқобилаш тибқи моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноӣ, яъне расондани зиёни махсусан калон парванда боз шудааст. Оҷонсӣ зиёни расондаи Муҳаммад Беканзаровро дар маҷмуъ бештар аз 200 ҳазор доллар ҳисоб кардааст.

Масъулони ин ниҳод гуфта буданд, Бекназаров, ки масъулияти муҳандисӣ дар идораи замини ноҳияи Ёвонро бар дӯш дошт, бо ваъдаи додани порчаи замин барои сохтмони манзил аз мардум пул гирифтааст. Ҳоло ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳдорӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG