Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як навзод дар Истаравшан аз сӯхтор ба ҳалокат расид


Як навзод дар ноҳияи Истаравшан бар асари оташ гирифтани манзили зист ба ҳалокат расидааст. Дафтари матбуоти раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд рӯзи 10 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бегоҳи рӯзи 8-уми март волидони Зубайда Отамуродова аз беэҳтиётӣ дарзмолро нодуруст истифода карданд, ки дар натиҷа хона оташ гирифта ва гаҳвораи духтарчаи навзод оташ мегирад, ки мунҷар ба ҳалокати ӯ мегардад. Гуфта мешавад, ки дар "Рӯзи Модар" хонаводаи Баҳрулло Отамуродов, истиқоматкунандаи ҷамоати Сабристони ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд серташвиш буда, пас аз истифодаи дарзмол, онро фаромӯш мекунанд ва дар натиҷа оташсӯзӣ ба амал меояд ва ҷони навзоди ин хонадонро мегирад.

XS
SM
MD
LG