Низомиёни Украина мегӯянд, ки шаби 8 ба 9 март ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия чанд бор оташбасро вайрон кардаанд. Ситоди амалиёти зидди террористӣ гуфт, ки нируҳои ҷудоихоҳ ба сӯи нируҳои ҳукуматӣ аз соати 8 шом то соати 6 субҳ 16 бор аз хумпорандоз ва аслиҳаи дигар оташ кушодаанд.
Аксари ин тирандозиҳо дар вилояти Донетск ва шаҳракҳои дигари минтақа сурат гирифтааст.
Баъд аз имзои созишномаи оташбас бо миёнҷигарии раҳбарони Фаронсаву Олмон дар 12 феврал тирандозиҳо камтар шудааст ва умеде вуҷуд дорад, ки мумкин аст ин муноқишаҳо ба поён расад.
Дар ин муноқишаҳо аз моҳи апрели соли гузашта то ҳол бештар аз 6 ҳазор нафар кушта шудаанд.