Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати Абӯ Ҳумам Шомӣ дар Сурия


Гурӯҳи “Ҷабҳаи ал-Нусра”, як бахши шабакаи “Ал-Қоида” дар Сурия, рӯзи 6 март ҳалокати фармондеҳи аршад Абӯ Ҳумам Шомӣ бар асари зарбаи ҳавопаймо дар вилояти Идлибро тасдиқ кард. Хабаргузориҳо навиштаанд, ки зарба шоми панҷшанбе ба як қароргоҳ дар шаҳри Салкин, воқеъ дар наздикиҳои марз бо Туркия, дар ҳоле зада шуд, ки он ҷо мулоқоти раҳбарони “Ҷабҳаи ал-Нусра” идома дошт.

Абӯ Ҳумам Шомӣ, масъули амалиёти низомии гурӯҳ, воломақомтарин раҳбари “Ҷабҳаи ал-Нусра” буд, ки аз таъсиси он дар соли 2012 кушта шудааст. Ҷиҳодиҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки дар ин ҳодиса ҳамроҳ бо Шомӣ боз се фармондеҳ – Абӯ Мусаб Фаластинӣ, Абӯ Умар Курдӣ ва Абӯ Бора Ансорӣ ҳам ба ҳалокат расидаанд.

“Ҷабҳаи ал-Нусра” яке аз тавонотарин гурӯҳҳое маҳсуб мешавад, ки барои сарнагунии режими раҳбари Сурия Башор Асад меҷангад. Мусаллаҳони ин гурӯҳ ду рӯз пеш дар ҳамла ба маркази фармондеҳии Хадамоти кашфи нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Сурия дар Ҳалаб ширкат доштанд.

Хабаргузории давлатии Сурия мегӯяд, ки зарбаи ҳавоӣ – амалиёти вижаи артиши кишвар буд. Аз ин пеш Эътилофи байнулмилалии таҳти фармони ИМА эълом дошт, ки тайи 24 соати ахир ягон зарбаи ҳавоӣ анҷом надодааст.

XS
SM
MD
LG