Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти Pussy Riot аз болои вазорати адлия


Аъзои гурӯҳи Pussy Riot Надежда Толоконникова ва Мария Алёхина аз болои вазорати адлияи Русия барои сарпечияш аз сабти номи созмони “Зона права” (“Минтақаи ҳуқуқ”) ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар шикоят бурданд.

Расонаҳои чопи Маскав рӯзи 26 феврал овозхонҳои гурӯҳ қавонини Русияро пешгӯинашаванда ва поймолкунандаи озодии таъсиси созмонҳо номидаанд. ро нақз мекунанд.

Аммо масъулини вазорати адлияи Русия мегӯянд, ки ойинномаи созмони нав ба меъёрҳои Кодекси шаҳрвандӣ ва қонун дар бораи созмонҳои ғайритиҷоратӣ мутобиқ нест. Аз ҷумла, дар унвони созмон ба чӣ гуна фаъолият машғул шуданаш ишора нашудааст.

Надежда Толоконникова ва Мария Алёхина мегӯянд, ки ҳадафашон дифоъ аз ҳуқуқи маҳбусони зиндонҳои Русия аст. Онҳо дар ин бора пас аз он тасмим гирифтанд, ки баъди як “ниёиш” аз Марями пок дар калисои Исои Наҷотбахши Маскав, бо иттиҳоми авбошӣ барои ду сол маҳкум ба зиндон шуданд.

XS
SM
MD
LG